НАВРӮЗ – ОИНИ ТАМАДДУНИ НИЁГОНИ МО

Наврӯз яке аз муқаддастарин ва куҳантарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ба шумор меравад, ки решаҳои он ба умқи таърихи тамаддуни ориёӣ мерасад. Ин ҷашн танҳо як маросими анъанавӣ нест, балки падидаи нодири фарҳангист, ки дар худ ҷаҳонбинӣ, ахлоқ, маърифат ва фалсафаи зиндагии ниёгони моро таҷассум менамояд. Сарчашмаҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки Наврӯз ҳанӯз дар давраи тамаддуни бостонии ориёӣ пайдо гардида, бо анъанаҳои зардуштӣ пайванди зич дорад. Дар китоби муқаддаси зардуштиён- Авесто- ишораҳо ба оғози соли нав ва таҷлили баҳор дида мешавад. Мувофиқи ривоятҳо, шоҳ Ҷамшед дар ҳамин рӯз ба тахт нишаста, адолатро барқарор намуда, мардумро ба ободкорӣ даъват кардааст. Аз ҳамин ҷо вожаи “Наврӯз”-“рӯзи нав”- ба миён омадааст. Наврӯз ба рӯзи эътидоли баҳорӣ рост меояд, замоне ки шабу рӯз баробар мешаванд. Ин тавозун рамзи адолат ва ҳамоҳангии инсон бо табиат мебошад. Дар фарҳанги тоҷикон Наврӯз бо расму ойинҳои ғанӣ таҷлил мегардад: ҳафтсин ва ҳафтшин, суманакпазӣ, гулгардонӣ ва бозиҳои миллӣ, ки ҳар кадоми онҳо маънои рамзӣ доранд.

Бо ташаббуси як қатор кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардид. Соли 2010 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 21 мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон кард. Ин иқдом аҳамияти ҷаҳонии ҷашнро собит намуда, онро ҳамчун мероси фарҳангии башарият муаррифӣ намуд. Имрӯз Наврӯз дар кишварҳои зиёде, аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Он рамзи дӯстӣ, сулҳ ва ҳамбастагии халқҳо мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ таъкид менамоянд, ки мероси таърихиву фарҳангӣ шиносномаи миллати тоҷик мебошад. Дар Паёми имсола зарурати ҳифзу тарғиби арзишҳои миллӣ ва суннатҳои аҷдодӣ махсус зикр гардид.

Наврӯз моро ба поксозии қалб, ваҳдат, дӯстӣ ва созандагӣ ҳидоят мекунад. Ин ҷашн омили муҳими таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди маънавии ҷомеа мебошад. Наврӯз рамзи пайванди гузашта, имрӯз ва фардои миллат аст. Бигзор ин ҷашни бостонӣ ҳамеша дар қалби мардум чароғи умеду муҳаббатро фурӯзон нигоҳ дорад.

Маҳмадов Аслам- омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ дар МТМУ №62-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ