Бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба фарҳангу суннатҳои ниёгон, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии фарҳангӣ-тарбиявӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ тамоми омӯзгорон ва хонандагони муассиса фаъолона иштирок намуданд.
Сараввал директори муассиса Сангов И.С. омӯзгорону хонандагонро ба Наврӯзи фархундапай табрик намуда, қайд кард, ки Наврӯз дар фарҳанги тоҷикон ҳамеша ҷойгоҳи хоса дошта, рамзи оғози кишту кори нав, бедории табиат ва эҳёи умедҳо мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ яке аз дастовардҳои муҳим дар роҳи ҷаҳонишавии Наврӯз — шомил гардидани он ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии башарият зери сарпарастии ЮНЕСКО ва расман эълон шудани Рӯзи байналмилалии Наврӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид мебошад.
Маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии як қатор кишварҳои ҳавзаи фарҳанги наврӯзӣ, соли 2010 Маҷмаи Умумии СММ қатънома қабул намуда, 21 мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон намуд.
Дар давоми чорабинӣ хонандагон бо қироати шеърҳо, сурудҳо дар васфи баҳору Наврӯз ва рақсу таронаҳо ҳозиринро шод гардониданд.
Мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, тарғиби арзишҳои фарҳангӣ ва пос доштани суннатҳои неки ниёгон дар байни хонандагон мебошад.
АКСҲО АЗ РАФТИ ЧОРАБИНӢ
Суруди миллӣ



